Дар бораи Платформаи онлайн омӯзиш


Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 35 Қонуни ҶТ Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокат ӣ, барои нигоҳ доштани сатҳи зарурии тайёрии касбӣ ва такмили донишҳои адвокат оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи татбиқи қонунҳо адвокатҳо уҳдадоранд дар панҷ сол як маротиба тахассуси худро баланд бардоранд.

Тибқи қисми 4 ҳамин модда бошад омадааст, ки  бо мақсади бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо, Иттифоқи адвокат ҳо метавонад Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо ё курсҳои махсусро ташкил намояд. 

 Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани меъёрҳои зикршуда, Раёсати Иттифоқи адвокатҳо, бо Қарорҳои худ,  аз санаи 10 июни соли 2016,  Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳоро таъсис дода, Низомномаи он ва Методикаи ягонаи тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо, кором ӯзон ва ёрдамчиёни адвокатро,  тасди қ намуд. Ҳамзамон,  барои ҷавобгӯ будан ба талаботҳ ои дахлдори соҳаи маориф, Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо аз санаи 22.02.2019 сол таҳти 0002705 Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ба даст овард.

Дар асоси методикаи тайёрии касбии адвокатҳо, ки  дар заминаи санадҳои меъёрии соҳаи маориф тасдиқ шудааст , барои ҳар як адвокат уҳдадории дар панҷ сол як маротиба, яъне  80 соат гузаштан аз такмили ихтисос (баланд бардоштани такмили ихтисос) пешбини шудааст.    

Ҳамзамон,  тибқи Методикаи мазкур яке аз принсипҳои асосии баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси адвокатҳо, коромӯзон ва ёрдамчиёни адвокат, ин истифодаи технологияи таълимии ҳозиразамон мебошад

 Бо мақсади татбиқи меъёр ҳои зикршуда ва баланд бардоштани такмили ихтисоси адвокатҳо бо истифодаи технологияи таълимии ҳозиразамон ,  Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқ и адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оғози шакли нави (алтернативии) таълим, такмили ихтисосӣ фосилавии онлайн хабар медиҳад.

Ҷиҳати заминаи ҳуқ уқи бахшидан ба такмили ихтисоси онлайнӣ,   Раёсати Иттифоқи адвокатҳо бо қарори худ аз 18.09.2020 сол ба Методикаи ягонаи тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо, коромӯзон ва ёрдамчиёни адвокат, банд ҳои нав, яъне 5.6 ва 5.7.  ворид намуд, ки тибқи он, баланд бардоштани такмили ихтисоси адвокатҳ о, коромӯз-адвокат ва ёрдамчиёни адвокат тариқи фосилавӣ тавассути курсҳои Платформаи онлайн омӯзиши Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо,  дар сомонаи takmil.tj  ба роҳ монда мешавад.

 Шакли шаҳодатномаи тариқи фосилавӣ (онлайн ӣ) аз худ кардани соатҳои такмили ихтисос аз ҷониби Раёсати Иттифоқи адв окатҳо тасдиқ карда мешавад

Қайд бояд намуд, ки дар заминаи ин тағйирот санаи 18.09.2020 сол Раёсати Иттифоқи адвокатҳ о  ҳамзамон шакли шаҳодатномаи ба таври онлайни аз худ кардани соатҳои такмили ихтисосро тасдиқ намуд.

Курсҳои омӯзишии фосилавии Маркази такмили ихтисоси адвокат ҳо, платформаи онлайн таълимие мебошад, ки ба ҳар як адвокат барои расидан ба ҳадафҳ ои рушди касбӣ ва такмили ихтисос,  к ӯмак мекунад.

Тавассути бақайдгирии инфиродӣ, ки дар дастур оид ба истифодабарии платформа муфассал нишон дода мешавад, адвокатҳо ба курсҳои мав ҷудаи онлайн, ки аз ҷониби адвокатҳои со ҳибтахассус-омӯзгорони Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо омода шудаанд, дастрас ӣ пайдо мекунанд.

Ҳар як курс китоби дарсии интерактивие мебошад, ки муҳтавои он аз лексияи матн ӣ, аудио, видео ва презентатсияҳо иборат мебошад. Бо мақсади дастрасии бештар ба иттилооти ҳуқуқӣ,  ба курс санад ҳои меъёрӣ ва дигар маводҳои муфид ҳамроҳ карда мешаванд.  

Дар айни замон 8 курсҳои онлайн омода гаштаанд, ки барои истифодаи ройгон ба платформа ҷ ойгир карда шудаанд.

Дар ҳар як курси онлайн санҷиши ниҳоӣ пешниҳ од карда мешавад, ки тибқ и он ба шахсоне, ки омӯзишро анҷом дода миқ дори холи даркориро мегиранд (аз 20 саволи санҷ ишӣ, ҷавоби дуруст додан ба 15 тои он, яъне аз 100 бал ба даст овардани 75), платформа ба онҳо оиди гузаштани курси онлайн, шаҳодатнома (сертификат) пешни ҳод менамояд. Дар баробари ин, платформаи онлайн омӯзиш дар пойгоҳи худ (пойгоҳ оид ба ҳисоби соатҳои такмили ихтисос) оиди гузаштани курси онлайн аз ҷониби адвокат ва ба даст овардани соати лозимаи такмили ихтисос,  иттилоотро ба тариқ и автоматӣ сабт менамояд .  

Адвокате, ки курси онлайнро аз худ менамояд ва аз санҷиш холи лозима ба даст меорад, ба ӯ 10 соат такмили ихтисос барои як курс ҳисоб карда мешавад .

Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо инчунин иттилоъ меди ҳад, ки ин курсҳои онлайнӣ воқеан аввалин та ҷрибаи ҷорӣ намудани технология ҳои мултимедиявии иттилоотӣ дар такмили ихтисоси адвокат ҳо мебошад.

Бартарии курсҳои онлайнӣ:

  • Дастрасӣ - ҳама курсҳои онлайни пешниҳодшуда ройгон мебошанд ва пас аз бақайдгирии оддӣ дар вебсайт, адвокат метавонад ба омӯзиш шурӯъ кунад;
  • Саривақтӣ ва самаранокӣадвокат метавонад дар вақти дилхоҳ ва оид ба  мавз ӯи ба ӯ лозима,  аз курси такмили ихтисос гузарад;
  • Сифат – аз миқдори зиёди маълумот оид ба масъалаҳои ҳуқу қӣ, мо беҳтарин курсҳ ои таълимиро, ки аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба омода шудаанд, пешниҳод менамоем;
  • Гуногунӣ - курсҳои онлайни пешни ҳодшуда, масъалаҳои мубрамро аз соҳаҳои мухталифи амалияи ҳуқуқӣ пешбинӣ мекунанд;
  • Имкони такмили ихтисос бидуни танаффус аз кор; 
  • Шаклҳои нави иртибот ва татбиқи усулҳои инноватсионии таълим - курси онлайни иборат аз маводи аудиои, видеоӣ, лексияҳои матн ӣ, машқҳои амалӣ, барои дастрасии бештар, санадҳои меъёрӣ ва адабиёти иловагӣ дар доираи ҳар як курс ҷ ойгир карда шудаанд;
  • Қуллай- аз худ кардани маводи курсҳои онлайнӣ аз компютер, планшет ё телефони мобил ӣ дар вақти дилхоҳ, дар ҷое, ки дастрасӣ ба Интернет мавҷуд аст, имконпазир аст.